Битобӣ бар ҳама чун моҳу аз ман рӯй бартобӣ,
Битобӣ бар ҳама чун моҳу аз ман рӯй бартобӣ,
Ба ҳар кас шаккару шириву бо ман оташу обӣ.
Кашӣ ҳар каҷниҳодеро камоносо ба сӯйи худ,
Маро дур афканӣ аз пеши рӯ, чун тири партобӣ.
Шаб аз меҳроби абрӯят чу монам, боз бар ёдаш
Канам бар сина аз нохун ҳазорон шакли меҳробӣ,
Кунам шарҳи гирифтории худ бо ту, вале мушкил,
Ки ногашта асири чун худе ин нукта дарёбӣ.
Макун хокистарам дур аз дарат, бигзор то бошад,
Ба шабҳо зери паҳлуи сагонат фарши санҷобӣ.
Нишонад ҷӯши хун уннобу унноби лабат – хунам,
Ба ҷӯш оварду инак, ашки ман з-ин гашта уннобе.
Чу зад роҳи дилат номеҳрбоне, дил бинеҳ, Ҷомӣ,
Ба маҳҷуриву ранҷуриву бехӯрдиву бехобӣ.