Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, эй абри наврӯзӣ,
Ҷаҳоне тоза шуд аз файзи ту, эй абри наврӯзӣ,
Мани лабташнаро то чанд баҳри қатрае сӯзӣ?!
Сияҳ шуд рӯзи ман з-ин ғам, ки гирам зулфи шабрангат,
Намедонам, ки ин давлат каям хоҳад шудан рӯзӣ.
Зи тоби хашм рух афрӯхтӣ в-оташ задӣ дар ман,
Маозаллоҳ агар бори дигар ин оташ афрӯзӣ.
Зи чашмат дилбарӣ омӯхтӣ, дил аз ҳама бурдӣ,
Чӣ бошад, к-аз лаби ҷонбахши худ дилдорӣ омӯзӣ.
Сулаймонӣ ба мулки дилбарӣ, хотам лаби лаълат,
Мабодо девро бар хотами лаъли ту фирӯзӣ.
Машав оҳуи доми ҳар кас он беҳ к-андарин саҳро
Каманди ҳиммат андозиву сайди иззат андузӣ.
Зи чоки ҷайби ҷон, Ҷомӣ, кунӣ гум нақди умр охир,
Бар он чок арна аз домони васлаш васлае дузӣ.