Сабзхату гулрухо, тозабаҳори кистӣ?
Сабзхату гулрухо, тозабаҳори кистӣ?
Тарфи кулаҳ шикастаӣ, турфанигори кистӣ?
Маркаби ноз зери рон, карда камон зи абрувон,
Новаки ғамза бар камон – баҳри шикори кистӣ?
Ман ба миёни мавҷи ғам, дида зи хоби шаб тиҳӣ,
То ту ба хоб хуфта хуш, сар ба канори кистӣ?
Даргузарӣ, ки ҳеч кас хок нашуд ба роҳи ту.
Бин, ки зи фарқ то қадам ғарқи ғубори кистӣ?
Ман ба хумори ҳиҷри ту ташнаҷигар фитодаам,
То ту ба ҷоми васли худ дафъи хумори кистӣ?
Бӯи висоли ғоибе ёфтам, эй сабо, зи ту,
Қосиди кишвари киӣ, пайки диёри кистӣ?
Ҷомиву нуктаҳои хуш, лек ту ҳеч гаҳ бад-ӯ
Гӯш намениҳӣ, ки ту нуктагузори кистӣ?