Зи мо ҳамегузариву ба мо наменигарӣ,
Зи мо ҳамегузариву ба мо наменигарӣ,
Чӣ ҷурм рафту хиёнат – чаро наменигарӣ?
Зи ҷаври он, ки қафо сӯйи мо куниву равӣ,
Ҳамекунем фиғон в-аз қафо наменигарӣ?
Ҳазор сӯхтадил аз пайи ту войкунон,
Чӣ шӯхчашм нигорӣ, ки во наменигарӣ?
Чӣ кофарӣ ту ки ҳеч аз Худо наметарсӣ?
Ба ҳеч банда, барои Худо, наменигарӣ.
Хуш аст аз назари лутфи шоҳ ҳоли гадо,
Ту шоҳи ҳусниву ҳоли гадо наменигарӣ.
Ҳазор ҷон сари роҳат гирифт ҳар касу ту
Зи ноз сӯи касон ҳеч ҷо наменигарӣ.
Ба пеши пои ту Ҷомӣ ҳамениҳад сари хеш,
Вале чӣ суд, ки ту пеши по наменигарӣ?