Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Гӯӣ ки манам ёри ту, эй ҷону, набошӣ

Гӯӣ ки манам ёри ту, эй ҷону, набошӣ В-аз ёрии ағёр пушаймону набошӣ. Бечора ман, он дам, ки зи гул бӯи ту ояд, Бар бӯи ту оям ба гулистону набошӣ. Мемирам аз ин ғам, ки чу бинам маҳе аз дур, Дар хотирам афтад, ки туӣ ону набошӣ. Оям сӯи майдони ту, к-аз сар фиканам кӯй, Оҳ, ар бирасам бар сари майдону набошӣ. Дар хоб шавам пеши ту гирёну бисӯзам, Чун боз кунам дидаи гирёну набошӣ. Вайрон куниям хонаи обод, ки бошам Ободии ин хонаи вайрону набошӣ. Ҷомӣ, зи бутон гар лақабат кофарӣ омад, Беҳ з-он, ки шуморанд мусалмону набошӣ.