Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Дӣ он чи шакл буд, ки аз раҳ баромадӣ,

Дӣ он чи шакл буд, ки аз раҳ баромадӣ, Бар дида ҷилва кардиву дар ҷон даромадӣ. Рафтиву буд рӯи ту аз моҳу меҳр беҳ, Миннат Худоро, ки аз он беҳтар омадӣ. Бемор будам аз ғами ҳиҷрон, табибвор По ранҷа сохтиву маро бар сар омадӣ. То ҷон диҳӣ ба қолаби ҷондодаи фироқ, Ҳамчун Масеҳ бо дами ҷонпарвар омадӣ. Рафтори ту ба хастадилон ҷон ҳамедиҳад, Ҷонҳо фидот, бар равиши дигар омадӣ. Набвад ба роҳи ту зи латофат нишони пой, Гӯӣ, фариштавор ба болу пар омадӣ. Ҷомӣ навишт баҳри ту девони худ, чу дид, К-аз хайли навхатон ҳама сардафтар омадӣ.