Дили маро зи ҳазор орзу бигардонӣ,
Дили маро зи ҳазор орзу бигардонӣ,
Дар орзуи худам кӯ ба кӯ бигардонӣ.
Зи қибла рӯй бигардониям, ки рӯ ба ман ор,
Ба рӯи ту чу кунам рӯй, рӯ бигардонӣ.
Чи бок аз он, ки наёбам туро аз он тарсам,
Ки рӯи ман зи раҳи ҷустуҷӯ бигардонӣ.
Ба рух чу ҷаъди мусалсал ниҳӣ ҳазорон дил,
Зи роҳи ақл ба ҳар тори мӯ бигардонӣ.
Даҳон-т доираи лутфро шавад марказ,
Ба гирди гул чу хати мушкбӯ бигардонӣ.
Худойбин наӣ, эй порсо, ки дил диҳадат,
Ки чашми хеш зи рӯи наку бигардонӣ.
Намурд оташи Ҷомӣ зи соғар, эй соқӣ,
Ба даври ӯ чӣ шавад гар сабӯ бигардонӣ?