Мушки тар, бар барги гул судӣ, балои ҷон шудӣ,
Мушки тар, бар барги гул судӣ, балои ҷон шудӣ,
Кори ҷон чун сохтӣ, ғоратгари имон шудӣ.
Гирди лаъли ҷонфизои худ фузудӣ хатти сабз,
Хизрро раҳбар ба сӯи чашмаи ҳайвон шудӣ.
Мешикофӣ мӯй дар сирри замири дигарон,
Сурати ҳоли худат гуфтам, чунин нодон шудӣ.
Рӯйи ту моҳи тамом омад, чаро чун моҳи нав
Гӯшаи абрӯ намудӣ ногаҳу пинҳон шудӣ?
Ғунчаи умеди ман буд аз ту умре бешигифт,
Хуррам он рӯзе, ки чун дидӣ маро, хандон шудӣ.
Навхатони шаҳрро сар бар хати фармони туст,
Кӯси давлат зан, ки мулки ҳуснро султон шудӣ.
Ёди он рӯзе, ки дар раҳ дидамат, гуфтӣ ба ноз
Роҳи худ рав, Ҷомиё, чандин чаро ҳайрон шудӣ?