Бар камандат ба гирифтории ман нест касе,
Бар камандат ба гирифтории ман нест касе,
Бо сагонат ба вафодории ман нест касе.
Бо ҳама ёриву аз ёрии ман безорӣ,
Дар ҳама шаҳр ба беёрии ман нест касе.
Зориям дар дилу дил дар хами зулфи ту ниҳон,
Ҷуз ту воқифшуда бар зории ман нест касе.
То лаби лаъли ту коми дили хунхорон аст,
Аз дилу дида ба хунхории ман нест касе.
Пеши рӯят ҳамаро додани ҷон осон аст,
Бе ту ҷон дода, ба душвории ман нест касе.
Сар зи савдои касон, дил зи ғами ғайр тиҳист,
Дар раҳи ту ба сабукбории ман нест касе.
Гуфтиям ҳоли ту бар бистари ғам, Ҷомӣ, чист?
Қадаме неҳ, ки ба бемории ман нест касе.