Эй сипеҳр аз ҳаҷри ёрам сӯхтӣ,
Эй сипеҳр аз ҳаҷри ёрам сӯхтӣ,
Зориям дидиву зорам сӯхтӣ.
Рӯзи ман кардӣ шаби тору чу шамъ
Зор дар шабҳои торам сӯхтӣ.
Лоларӯеро зи ман кардӣ ҷудо,
Дил ба доғаш лолаворам сӯхтӣ.
З-оташе, к-аз наъли суми асп ҷаст,
Дар паи он шаҳсаворам сӯхтӣ.
Ваъдаи дидори худ додӣ маро,
Ҷон ба доғи интизорам сӯхтӣ.
Ҳар ки, ҷуз Ҷомӣ, зи ҷоми лаъли ӯ
Маст кардӣ в-аз хуморам сӯхтӣ.