Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Ду соиди ту, ки оини ҳарду ҳаст яке,

Ду соиди ту, ки оини ҳарду ҳаст яке, Ба хуни хастадилон кардаанд даст яке Карашмаҳои ту шуд раҳнамуни ишвагарон, Ки рух кушод якеву ниқоб баст яке. Зи қайди ишқи ту бим аст мурғу моҳиро, Ки ҳаст дом яке з-он ду зулфу шаст яке. Ҳадиси меҳнату роҳат магӯй бо ошиқ, Ки ҳаст мурғи ҳаворо баланду паст яке. Ҳазор муддаии зуҳду тақвӣ омад, лек, Саломат аз шикани зулфи ту наҷаст яке. Ҳамеша маст бувад шӯху фитнаҷӯй, вале, Чу чашми ту набувад аз ҳазор маст яке. Макун ба мастабаи ишқ айби кас, Ҷомӣ, Ки порсо бувад инҷо ва майпараст яке.