Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Деҳи Мо Ҷойи Кор Аст

Деҳа надорад ором Аз субҳ то дари шом. Кори деҳа бисёр аст, Дасти ҳама ба кор аст: Яке сӯйи пуштаҳо Рамаро барад чаро; Об яке мемонад, Тут яке таконад; Пухтаст донаи ҷав, Яке машғули дарав; Яке бар тори ғарам Банди нав мекунам зам; Яке хирман мекӯбад, Яке хирман мерӯбад; Яке каҳ мекашонад, Яке замин меронад; Яке монад забаррав Бар чӯби хонаи нав; Яке ҷома медӯзад, Яке сабақ омӯзад… Кори деҳа бисёр аст, Деҳи мо ҷойи кор аст. Касе агар бекор аст, Азӯ ҳама безор аст.

Китобҳои муаллиф