Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Арча

Бар арча нигар, ситода масрур Дар теғаи кӯҳи осмонрас, Чун мӯрии боми хона аз дур Тобад ҳама дам ба дидаи кас. Бо қ атраи аввалини борон Рухсораи сабзи худ бишӯяд. Оҳуи рамида дар таҳи он Ҳар гоҳ ба худ паноҳ ҷӯяд. Ҳар субҳ шуои гарми хуршед Дар кӯҳ чу мешавад намудор, Пеш аз ҳама арча бинад онро Аз қуллаи барфпӯши кӯҳсор. Дорад ба ҳавои тоза ҷавлон, Парво накунад зи боду сармо, Сар хам накунад ба пеши бӯрон, Дилгир намешавад зи гармо. Бар хок давонда реша маҳкам, Сарсабз чу домани баҳор аст, Дар теғаи кӯҳи осмонрас Чун парчами сабз устувор аст.

Китобҳои муаллиф