Чинор
Дар паҳлӯи роҳи гузар,
Дар рӯйи оби чашмасор,
Бо дасти худ фасли баҳор
Рӯзе нишонидам чинор.
Як тағ наи такҷаст буд,
Як химчаи борик буд,
Як раҳ нигаҳ дӯзӣ, базӯр
Бар чашми раҳрав менамуд.
Гирди тани бехори худ
Аз хорча девор дошт,
Дасти хато то нашканад,
Пушту паноҳ аз хор дошт.
Бо майсаҳо якҷоя буд,
Бо сабзаҳо ҳампоя буд,
Бо оби сарду кӯҳи сабз
Дар нисбати ҳамсоя буд.
Рӯҳе варо омад ба тан
Аз бӯсаи гарми баҳор,
Барге кушоду шох баст
Дар пойбӯси кӯҳсор.
Аз синаи хокаш макид
Шаҳде ба сони шири пок,
Зӯре гирифту қ ад кашид
Чун зодаи ин обу хок.
Бингар, чинори ман чӣ сон
Зебост рӯйи чашмасор,
Фарру шукӯҳе додааст
Бар чор сӯйи чашмасор.
Дасти насими кӯҳгард
Бинавозадаш шому саҳар,
Чун паҳлавон сар мекашад
Дар паҳлӯи роҳи гузар.
Тағ на - шохе, ки аз бехи дарахт барояд.
