Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Меғ

Аз хобу хобу хобу хоб Дилгир шуд бисёр меғ, Чун баст чашми офтоб, Пӯшид чун рӯйи ситеғ. Як ҳафта меғ ашке фишонд, Як ҳафта нам бо гул нишаст, Як ҳафта гул аз ханда монд, Як ҳафта ғам бо гул нишаст. Як ҳафта тар шуд бому дар, Як ҳафта ҳавлӣ нам кашид, Заҳ шуд ҳама роҳи гузар, Монд аз ҷило оби сафед. Меғ аз нишастан хаста шуд, Аз сабза шустан хаста шуд, Зиқ аз нигоҳи баста шуд, Ғун шуд яке, Як даста шуд. Рафт аз дара меғи лаванд, Бишкуфт гул, тобид об, То одамон шодӣ кунанд, Хандон баромад офтоб.

Китобҳои муаллиф