Баҳор Кӯч Баст
Бо ханда бигзашт офтоб
Аз теғи кӯҳи нуқ ратоб.
Бар кӯйи бераҳ раҳ кушод,
Гармӣ ба оби сард дод.
Вақте ки аз саҳро гузашт,
Гулранг шуд оғӯши дашт.
Шабнам, ки дар барги алаф
Метофт монанди садаф,
Дар поя шуд, бо як шитоб
Пинҳон зи чашми офтоб…
Фасли баҳорон кӯч баст,
Бар тахт тобистон нишаст.
Тарсу - тарсончак, заиф
