Ғелон Баромад Офтоб
Ғелон баромад офтоб
Болои боғи рӯи шах,
Чобук хӯрад бар пеш тоб
Чун чарх аз паҳлӯи шах.
Аз рӯйи олу нарму гарм
Бӯсид ширин офтоб,
Аз бӯсаҳои гарму нарм
Олуи тар бигрифт об.
Бӯсид ширин гарм-гарм
Аз чашму рӯю мӯйи ман,
Аз бӯси гарми офтоб
Бишкуфт гул дар рӯйи ман.
Сар лучу китфу пой луч
По мегузорам рӯйи раҳ,
Олу бичидам даҳ ҳавуч,
Бо худ барам бар киштгаҳ…
Дар хона биншинам хамӯш?
Сарро ниҳам бар пойи хоб?...
Ку тоқате? Болои шах
Ғелон баромад офтоб!
