Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Бӯсаи Офтоб

Хоки беҷон ҷон гирифт, Зеб кӯҳистон гирифт, Бӯса зад чун офтоб. Гандуму ҷав сар кашид, Тоҷи нав аз зар кашид, Бӯса зад чун офтоб. Лолагун шуд рӯйи роғ, Пухт тути хоми боғ, Бӯса зад чун офтоб. Олуча шаккарин шуд, Гелос асал барин шуд, Бӯса зад чун офтоб. Мову регу рӯйи об, Шодии дил беҳисоб, Бӯса зад чун офтоб. Мисли бӯси моми ҷон Дилбар асту дилнишон Бӯси гарми офтоб.

Китобҳои муаллиф