Боз Омад Тамуз
Поро агар монӣ ба хок,
Сӯзад кафи по нимарӯз,
Хомӣ макун, аз ҷой хез,
Боз омад айёми тамуз.
Тафсид монанди танӯр
Домони дашту рӯйи тал,
Аз тасфи гармо кардааст
Кӯҳпоя ранги рӯ бадал.
Теғи нигоҳаш мекашад
Аз авҷ бар сар офтоб,
Ҷӯ мешавад аз зери мӯ
Бар чашму рӯ дар соя об.
Барги палак пажмурдааст,
Хушк аст ҷӯву нест нам,
Аз ташнагӣ барги алаф
Сар рӯйи раҳ оварда хам.
Чун ташна гармиро фурӯ
Серӣ барад шохи дарахт,
Бояд шавад ширину нарм
Ҳар мевае турш асту сахт.
Гар киштае буд норасид,
Дар киштзорон мерасад,
Аз ҳиммати фасли тамуз
Рӯзӣ фаровон мерасад.
Хомӣ макун, рӯ барматоб
Аз лутфи тобистони гарм,
Нӯши нигоҳи офтоб
Бошад ҳузури ҷони гарм.
Болои реги нарму гарм
Хобам миёни нимарӯз,
Хомии худро мепазам
Дар деги ҷӯшони тамуз.
