Зебӣ
Зебӣ дар гӯшаи боғ,
Бинмояш он ҷо суроғ.
Зебӣ дар тори дарахт,
Кам кунад бори дарахт.
Боғе калон, кобияш,
Осон намеёбияш.
Гуфти ман бефиреб аст,
Зебӣ монанди себ аст.
Чун ду себ ӯро ду рӯ,
Чашмоне чун ду олу.
Бинияшро бубинӣ,
Себи яхак, на бинӣ.
Ҷо гашта ҷойи занах
Себи сафеди берах.
Зебӣ чинад аз саҳар
Себи боғи лаби ҷар.
Аз себи чидаиӯ -
Пур майдони рӯйи ҷӯ.
Себу себу себу себ,
Саҳне аҷаб дилфиреб.
Ин ҳамаро бо ду даст,
Як худи Зебӣ чидаст.
Кори Зебӣ базеб аст,
Бефанду бефиреб аст.
