Суре Бапо Шуд
Гамбуск хеле кор кард,
Болои тал шудгор кард.
Ҳамсояҳо шодон шуданд,
Ҳар сӯ ҳама тозон шуданд.
Хон сӯзанак наздаш кушод,
Нон сӯзанак наздаш ниҳод.
Гаҳвораҷунбон чойи гарм
Оварду тарҳалвои нарм.
Ору биёвардаш асал,
Суре бапо шуд рӯйи тал,
Баски барои хонадон
Гамбуск шуд ёрирасон.
Бори нахустин кор кард,
Болои тал шудгор кард.
