Хона - Пури Дона
Мӯрча рӯзи тамом
Бор кашон-кашон кард,
Аз субҳ то дами шом
Пур хамбаро зи дон кард.
Дон ризқи хонадон аст,
Серӣзи рӯйи дон аст.
Болои ҳам рахти дон
Бор шуду баста шуд,
Аз раву о, гиру мон
Мӯрчаяк хаста шуд.
Мӯрча бемиён шуд,
Оби рухаш чакон шуд.
Мӯрчагон - баччагон,
Дар ҷо яке барҳаво
Соз аз барои модар
Карданд дилнишин ҷо.
То каме роҳат кунад,
Хуш истироҳат кунад.
Чобук ҳар сӯ давиданд,
Обаш оварданду нон,
Бодом оварданду қ анд,
Назди модар рӯйи хон.
Боз омад оши палав
Аз дони шолии нав.
Зери сояи сада,
Пеши як села фарзанд,
Мӯрча паҳлу зада,
Мӯрча хеле хурсанд.
Ҳар коре, ки ҳалол аст,
Роҳаташ бемалол аст.
