Гумкардаро Ёбад Асо?
- Касро мадеҳ беҳуда ғам,
Боз о, куҷо рафтӣ қалам?
- Ҳаргиз маҷӯ, аз хона рафт,
Дар нӯлаки бедона рафт.
- Рустӣ куҷо, эй дафтарам,
Рафтӣзи болои сарам?
- Он ҳам наояд, дур рафт,
Дар рӯйи боли ҷӯр рафт.
- Ин ҷо будӣ то вақти хоб,
Пинҳон куҷо гаштӣ, китоб?
- Он ҳам наояд, сор бурд,
Бар домани кӯҳсор бурд…
Он як китобу як қалам
В-он дафтаре медод ғам,
Монданд бар аҳволи худ,
Рафтанд, илоҷе чун набуд.
Чунки Асо вақти зиёд
Аз танбалӣ диқ қат надод.
Акнун, ки мекобад Асо,
Гумкардаро ёбад Асо?
