Офтоб, Эй Офтоб!
Офтоб, эй офтоб,
Куҷо мекунӣ шитоб?
Чолоку давонастӣ,
То куҷо равонастӣ?
Хона дар куҷо дорӣ?
Бачча мисли мо дорӣ?
Дар куҷо меравӣ хоб,
Офтоб, эй офтоб?
Тани танҳо меоӣ,
То куҷо раҳпаймоӣ?
Чанд ағ баро гузаштӣ?
Хаста оё нагаштӣ?
Дорӣ қ анду нону об,
Офтоб, эй офтоб?
Бо пайраҳи кӯҳистон
Аз паят ҳастам равон,
Хонаатро мекобам,
Хонаатро меёбам,
Дар хонаат мехобам,
Рӯ аз раҳ наметонам,
Сӯйи ту дорам шитоб,
Офтоб, эй офтоб.
