Остона
Аз домани дар
Сар мешавад кӯҳ,
Кӯҳе, ки сабз аст
Бо бурси анбӯҳ.
Аз пушти он кӯҳ
Кӯҳест дигар,
Кӯҳе, ки дорад
Сад чашма дар бар.
Аз пушти он кӯҳ
Кӯҳе камаркаш,
Кӯҳе, ки борад
Аз сина оташ.
Аз пушти он кӯҳ
Кӯҳе зи барф аст,
Бо барфи симӣ
Хеле шигарф аст.
Аз пушти он кӯҳ
Кӯҳест, шояд
Аз тори ин кӯҳ
Андак намояд:
Бо кӯрароҳаш,
Бо сабзазораш,
Бо сангрезаш,
Бо обшораш.
Кӯҳ аз пайи кӯҳ,
Кӯҳ остон аст,
В-ин остона
То осмон аст.
