Мӯрча
Оромие надорад,
Мӯрча банди кор аст,
Бор ба хона орад,
Мӯрча зери бор аст.
Оварад аз роҳи дур
Кашон-кашон донаро,
Донаяки ҳамчу дурр
Зеб диҳад хонаро.
Хам-хами хомаи каҳ
Мӯрчаяк равон аст,
Обу арақ рӯйи раҳ
Аз сару рӯ чакон аст.
Бори ғ ами зиёд аст
Бурдани ғ алладона,
Хаставу лек шод аст -
Дона барад ба хона.
Кор асту мекунад зист,
Кор асту мехӯрад нон,
Нони ҳалоли корист
Ҳузуру роҳати ҷон.
