Чӣ Медиҳад Донаи Тар?
- Шақ шақ аҷон, шақ шақ аҷон,
Куҷо равӣ?
- Сӯйи камар.
- Сӯйи камар чӣ мебарӣ?
- Донаи чормағзи тар.
- Чӣ мекунӣ ту донаро?
- Руст кунам дар лаби ҷар.
- Дона ба ту чӣ медиҳад?
- Сабз шавад, расад ба бар,
Мева диҳад ба кӯдакон,
Соя шавад ба раҳгузар.
