Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Муаллими Мо

Субҳи дилафрӯз Бархезад аз хоб, Чун рӯ намояд Меҳри ҷаҳонтоб, Дар саҳни мактаб, Дар боғи гулпӯш, Моро бигирад Бо меҳр оғӯш - Муаллими мо! Муаллими мо! Чини ҷабинаш, Чини ду рӯяш, Зебад ба ранги Чун барф мӯяш. Қадди баландаш Гарчи хам имрӯз, Мисли ҳамеша Шод асту пирӯз - Муаллими мо! Муаллими мо! Мо аз раҳиӯ По мегузорем, Андарзи ӯро Дар ёд дорем. Хоҳем доим Бошад саломат, Ҳаргиз набинад Рӯйи маломат - Муаллими мо! Муаллими мо!

Китобҳои муаллиф