Аллаё, Алла!
Хоб омаду хоб омад,
Хоб аз лаби об омад,
Бо нури маҳтоб омад,
Аллаё, алла, алла!
Аллаё, алла, алла!
Хирсаки каҷпо хобид,
Гургаки раҳпо хобид,
Ҳар кӣ ҳар куҷо хобид,
Аллаё, алла, алла!
Аллаё, алла, алла!
Шамолак ҳур-ҳур дорад,
Гурбаяк хур-хур дорад,
Хоб асту ҳузур дорад,
Аллаё, алла, алла!
Аллаё, алла, алла!
Мусича намепарад,
Бузича намечарад,
Хоби Фарангис барад,
Аллаё, алла, алла!
Аллаё, алла, алла!
