Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ҷонакаш Дар Хатар Монд

Шағолак шикор омад, Аз зери гулхор омад, Аз рӯйи девор омад, Пеши мурғаки парпо Вақти шоми тор омад. Мурғак - дар шохи дарахт, Хобакаш бурда буд сахт, Бехабар буду карахт. Шағолак лаб мелесид, Дар дил мегуфт: «Ё бахт!» Ду чашмаш - ду мушт алав, Мекард оҳистаяк рав, Ки гирадаш бо як дав, Даҳонаш об медод Аз дидани сайди нав. Алопар аз як канор Сӯйи шағ оли айёр Дошт нигаҳ бо виқор. Пуштибон буд Алопар Бар мурғаки беозор. Шағолак омад башаст Бар зери шохаки паст, Ки сайд оварад ба даст. Аз ҷойи худ бесадо Алопар ногаҳон ҷаст. Шағолак бехабар монд, Ҷонакаш дар хатар монд, Гурезон рӯ ба ҷар монд. Нисфи думи шағолак Дар чанги Алопар монд.

Китобҳои муаллиф