Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Сабақи Модар

Се тани ҷон миёни ҷон буданд, Дӯстдорони меҳрубон буданд, Огаҳи ҳоли якдигар буданд, Модару духтару писар буданд. Дарс додӣ ба духтару ба писар Модари ҷонфазою ҷонпарвар. Ибрате аз ҳалолкорӣ буд, Як намуна аз устуворӣ буд. Хост рӯзе аён кунад ба нишон Тири тарбияташ расида чӣ сон? Сухане, ки ба духтару ба писар Модарона бигуфт, дод самар? Меҳри покаш даруни дил доранд? Эҳтиромаш ба ҷой меоранд? Дошт бовар ба ҷаҳди худ модар, Хост, бинад қ авитар ин бовар. Як саҳар, Пеш аз он ки фарзандон Пок шӯянд рӯ дар оби равон, Пухт модар ба равғану ҷазза, Бешу кам не, ду нони бомазза. Чун гирифтанд давра даври хон, Нон яке з-он ду монд модари ҷон Рӯйи густурда хон ба назди писар, Назди духтар гузошт нони дигар. Баъд аз он гуфт: - Азизакони ман, Бихӯред, ошатон шавад дар тан! Рафту биншаст дар дигар гӯша, Рӯ ба рӯйи ду тан ҷигаргӯша. Назди модар надида нон дар хон, Гашт ҳайрону шуд писар пурсон: Нон барояш напухтааст чаро? Нон нахӯрдан магар ба ӯст раво? Пеши модар надида нон духтар, Чашм андохт ҷониби модар, Нони хӯрдан чаро надорадӯ,

Китобҳои муаллиф