Мактаби Мо
Ба тори кӯҳу бар домони саҳро,
Ба оғӯши деҳу шаҳри дилоро,
Ба сӯйи чашмаву рӯди мусаффо,
Ба ҳар ҷое, ки таътил бурд моро,
Ту будӣ ҳамраҳи мо.
Даме дар подара гулҳо бичидем,
Ба фарқи кӯҳ чун оҳу расидем,
Ба рӯйи сабзаи навхат давидем,
Ба зери бурсу ирғ ай орамидем,
Туро ҳамроҳ дидем.
Ту ҳарфи аввали гуфтор будӣ,
Барори тозае дар кор будӣ,
Ба шодии дили мо ёр будӣ,
Ба ёрӣ доимо тайёр будӣ,
Аҷаб ғ амхор будӣ.
Зи тори кӯҳу аз домони саҳро,
Чу тифле, ки нагардад сер асло
Зи рӯйи шоду меҳри гарми момо,
Ба наздат омадем, оғӯш бикшо,
Аё, эй модари мо,
Мактаби мо.
