Хони Эҳсон
Бо ханда рӯйи худ тофт
Хуршеди тирамоҳон,
Тасвири дигаре ёфт
Маҳбуб Тоҷикистон.
Рухсора шуст дар нур
Себу анори хушбӯ,
Рӯ тоза кард бодом
Бо пистаҳои худрӯ.
Ангур ранг овард
Дар навдаи хами ток,
Чун қ анд гашт ширин
Анҷиру олую нок.
Дар ҷӯяҳои полез
Бо об нур ҳал шуд,
Харбуза шуд шакаррез,
Тарбуза чун асал шуд.
Хурмои наврасида
Бо шӯълаҳо даромехт,
Фарзанди офтоб аст,
Нури ҷаҳон баӯ рехт.
Дар субҳи тоза лимӯ
Ҳамранги барги тар буд,
Нуре дамид дар рӯ,
Хушрангу тозатар шуд.
Бо ханда рӯйи худ тофт
Хуршеди тирамоҳон,
Бикшод хони эҳсон
Маҳбуб Тоҷикистон.
