Ваъда
Ваъда амри виҷдон аст,
Оинаи эътибор,
Ваъда додан осон аст,
Иҷрои ваъда душвор.
Ваъда чун гапи пухта,
Ваъда гапи тамом аст.
Гапи ту ҷон надорад,
Ваъдаат агар хом аст.
Ваъда додан осон шуд
Барои ҳамсинфонам,
Ваъда моли арзон шуд
Дар синфи мо, ҳайронам.
Ғайрати дарс хондан
Ғайрати мо надорад,
Аз ваъда пурсон шавӣ,
Сари худро мехорад.
Дер ояд мактаб саҳар,
Ваъда медиҳад Далер,
Валекин рӯзи дигар
Дубора оядӯ дер.
Кори Меҳрубони мо
Гиребон асту мушт аст,
Сад ваъда дод, аммо
Ҳамон мушти дурушт аст.
Ширин духтари ширин,
Айбе дорад - суханчин,
Гуноҳаш шавад таъйин
Ваъда медиҳад Ширин…
Чаро ваъда медиҳӣ,
Агар бовар надорӣ?
