Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Зимистон

Ҳавои сард омад, ҷӯй ях баст, Фарози кӯҳҳоро абр пӯшид. Шамоли тунд аз машриқ хурӯшид, Ба рӯйи бому дарҳо барф биншаст. Ба ҷойи рӯзҳои гарму тафсон Зимистон шуд, Зимистон шуд, Зимистон! Ба рӯйи теппа шодон мебароем, Ки рӯйи барфи нав ҳар сӯй тозем, Ки ҷо-ҷо ҳайкале аз барф созем, Зи нав васфи зимистонро сароем: Ба ҷойи рӯзҳои гарму тафсон Зимистон шуд, Зимистон шуд, Зимистон! Куҷо дорем мо парвои сармо, Биборад барф акнун ҳар қадар ҳам? Ба зери барф монад бому дар ҳам. Набошад интиҳо шодии моро: Ба ҷойи рӯзҳои гарму тафсон Зимистон шуд, Зимистон шуд, Зимистон!

Китобҳои муаллиф