Моҳича Ва Мушак
Моҳичае буд чун тило
Дар обгире пурбаҳо.
Он обгир аз шиша буд,
Моҳича дар андеша буд,
К-ин ҷо чӣ сон маъво гирифт?
Дар тангҷо чун ҷо гирифт?
Ҷуз оби сабзу барги тар
Чизе набинад чашми сар?
Мекард фикри рӯзи худ,
Аз рӯзи худ розӣ набуд.
Мушак варо диду бигуфт:
- Эй ёри ту толеи муфт,
Беҳуда маҳзунӣ чаро?
Дилгиру дилхунӣ чаро?
Бахте, ки дорӣ рӯ ба рӯ,
Н-ояд ба ҳар ҳамҷинси ту.
На фикр созӣ аз ато,
На аз ҷазо, на аз ғ изо.
На мебарӣ бори хиҷил,
На бим меояд ба дил.
Шодон шино дар об кун,
Аз бахти хуш дарёб кун.
Моҳича омад бар забон:
- Эй ғ офил аз дармондагон!
Медон, ки ин сон ҷойи зист
Лозим бароям ҳеҷ нест.
Даркор не ин об ҳам,
Ин шишаи пуртоб ҳам,
Ин сабзаи хушбарги тар,
В-ин рӯзгори бехатар!
Паҳно ҳамехоҳад дилам,
Дарё ҳамехоҳад дилам.
Вақте даруни шишам,
Сар дар кафи андешаам:
Чун шиша зиндони ман аст,
Гирандаи ҷони ман аст!
Озод ту, дилшод ту,
