Рӯбоҳ Фикри Хона Кард
Бехонагӣ бар ҷон расид,
Чун корд ба сутхон расид.
Рӯбоҳ биншасту ба дард
Андешае аз хона кард:
То чанд гардад дар ба дар? -
Шифте надорад тори сар!
То чанд бошад ломакон
Андар миёни ҷонварон?
Ин бор чун моҳи асад
Бар домани ҷангал расад,
Мебоядаш коре кунад,
Аз лой деворе кунад.
Бо хас бипӯшад рӯйи бом,
Пас дар нишонад, вассалом!
Дар асл мушкил кор нест,
Корест, к-он бисёр нест.
Бар он ки чусту қ обил аст,
Коре басо табъи дил аст.
Рӯбоҳ биншасту ба дард
Андешаи кошона кард.
Лекин ба ёди сайру гашт
Фасли зимистон даргузашт.
Фасли диловези баҳор
Бигзашт бо шавқи шикор.
Вақте ки тобистон расид,
Гармо ба кӯҳистон расид,
