Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Ҳарҷошину Ҳарҷогард

Нима сурху нима зард, Ҳарҷошину ҳарҷогард. Кӯҳбарову саҳрогард, Ҳавопару дарёгард. На аз бӯрон метарсад, На аз борон метарсад. На ях гирад раҳашро, На шах гирад раҳашро. На барфаш монеъ шавад, Ҳар ҷо хоҳӣ меравад. Ана, мошинаи нав Мана, мошинаи нав! Ҳарҷошини нимазард, Нимасурхи ҳарҷогард, Дар майдон интизор аст, Ба имтиҳон тайёр аст. Ба кӯҳу дашту дарё Бояд бинам раҳашро. Беҳуда накобидам, Мурваташро тобидам. Осон садо баровард, Ҳарҷошину ҳарҷогард. Рӯлаш гирифтам ба даст, Ба раҳ даромад ба шаст. Бояд идора кунам, Бояд назора кунам. Чӣ сон меоварад тоб

Китобҳои муаллиф