Боқӣ
I
- Кӣ омаду кӣ омад?
- Акои Боқӣ омад.
- Кӣ омаду кӣ омад?
- Поччои Боқӣ омад.
- Кӣ омаду кӣ омад?
- Тағ ои Боқӣ омад.
- Кӣ омаду кӣ омад?
- Бобои Боқӣ омад.
Ба хонаи мо омад,
Пеши бачаҳо омад.
Дар қ абза торон омад,
Дар киса талқон омад,
Дар дасташ чӯлинг омад,
Дар мушташ ғ ӯлинг омад.
- Акои ҷон, марҳабо!
- Поччои ҷон, марҳабо!
- Тағ ои ҷон, марҳабо!
- Бобои ҷон, марҳабо!
Чӯлинг - гиёҳест аз хонадони шибит, аммо бамаза, ҳам бар-
гашро хӯранд ҳам бехашро. Дар водии Рашт шингила гӯянд.
Гулаш зард ва хушбӯст. Дар ҷавзо хӯша мебандад. Барои зи-
мистон ҳам хушконида мегиранд.
Боқӣ дар деҳаи мо -
Азизи пиру барно.
II
