Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Моҳича Ва Мушак

Моҳичае буд чун тило Дар обгире пурбаҳо. Он обгир аз шиша буд, Моҳича дар андеша буд, К-ин ҷо чӣ сон маъво гирифт? Дар тангҷо чун ҷо гирифт? Ҷуз оби сабзу барги тар Чизе набинад чашми сар? Мекард фикри рӯзи худ, Аз рӯзи худ розӣ набуд. Мушак варо диду бигуфт: - Эй ёри ту толеи муфт, Беҳуда маҳзунӣ чаро? Дилгиру дилхунӣ чаро? Бахте, ки дорӣ рӯ ба рӯ, Н-ояд ба ҳар ҳамҷинси ту. На фикр созӣ аз ато, На аз ҷазо, на аз ғ изо. На мебарӣ бори хиҷил, На бим меояд ба дил. Шодон шино дар об кун, Аз бахти хуш дарёб кун. Моҳича омад бар забон: - Эй ғ офил аз дармондагон! Медон, ки ин сон ҷойи зист Лозим бароям ҳеҷ нест. Даркор не ин об ҳам, Ин шишаи пуртоб ҳам, Ин сабзаи хушбарги тар, В-ин рӯзгори бехатар! Паҳно ҳамехоҳад дилам, Дарё ҳамехоҳад дилам. Вақте даруни шишам, Сар дар кафи андешаам: Чун шиша зиндони ман аст, Гирандаи ҷони ман аст! Озод ту, дилшод ту,

Китобҳои муаллиф