Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Бар гул аз сабзаи хат ғолиямӯе дорӣ,

Бар гул аз сабзаи хат ғолиямӯе дорӣ, Чашми бад дур чӣ ороста рӯе дорӣ. Чӣ диловез бувад зулфи ту, ё Раб, ки дар ӯ, Сад дил овехта, ар ҳар сари мӯе дорӣ. Бо ҳама нек бувад хӯяту лекин, чу фитад Бо манат кор, чӣ гӯям, ки чӣ хӯе дорӣ? Чашми беҳбуд мадор, эй, ки дил афтода чу ман Дар кафи фитнагаре, арбадаҷӯе дорӣ. Гӯй гуфтан даҳанатро сухане беҳудааст, Гӯш то чанд ба ҳар беҳудагӯе дорӣ. Баски гулчеҳра асири ту шуду лолаузор, Чун чаман бар гулу лола сари кӯйе дорӣ. Восили Каъба шудан ҳадди ту набвад Ҷомӣ, Ин қадар бас, ки ба роҳаш такупӯе дорӣ.