Куҷо Шуд Пинҳон Тафси Тобистон?
Салқ ин каме ҳаво шуд,
Тафси ҳаво куҷо шуд?
Тафси ҳаво магар рафт?
Чун рафт?
Бар ҳадар рафт?
Тафси ҳаво ниҳон шуд,
Баргӯ, ниҳон чӣ сон шуд?
Пинҳон чаро шуд аз деҳ?
Пинҳон куҷо шуд аз деҳ?
Ҳаргиз машав ту пӯё,
Ҳаргиз машав ту ҷӯё,
Донист хуб бояд:
Ҳар рафта пас наояд.
Тафси тамузи тафсон
Рафт аз бари кӯҳистон,
Дар пушти кӯҳсорон
Оҳиста гашт пинҳон,
Вақташ, ки бар сар овард,
Тарки диёри мо кард.
Ҳар кор буд, адо шуд,
Ҳар кор буд, баҷо шуд.
Аз хидмати писандаш,
Аз ҳиммати баландаш,
Бар мо нишонае монд,
Гармо нишонае монд.
Берун баро зи хона,
Бингар бар ин нишона:
Дар шохаи дарахтон
Бар меваи фаровон,
Дар ҷӯяҳои полез
Бар ҳосили диловез,
Дар киштаҳои ангор
Бар хӯшаҳои пурбор,
Дар саҳни марзи деҳқон
Бар пахтаи шукуфон…
Тафси ҳаво куҷо шуд?
Ҷо байни ризқи мо шуд!
