Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Яккабурс

Хат мекашад гаҳ ошкор, Гоҳе ниҳон чун пойи мор, Печида раҳ аз зери дар То теғаи кӯҳи қатор. Он ҷо, ки бурси пирасар Дар теға тоқ афтодааст, Кӯҳ аст бому яккабурс Мисли равоқ афтодааст. Паррандаҳои раҳгузар Даври сараш пар мезананд, Бурс аст чун меҳмонсаро, Дармондаҳо дар мезананд. Он сӯйи бурси паҳншох - Зовияву кони зуғол, Дар ҳар хамӣ як беша аст, Як осиё оби зулол. Болотар аз он қуллаест - Чун пойгоҳи Каҳкашон, Шояд аз ин ҷо хубтар Бинӣ хаму печи ҷаҳон? Шояд аз ин ҷо сар шавад Роҳи шикӯҳи дигаре, Печон сӯйи пойин равад То зери домони даре?

Китобҳои муаллиф