Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Убайд Раҷаб
Убайд Раҷаб

Гумкардаро Ёбад Асо?

- Касро мадеҳ беҳуда ғам, Боз о, куҷо рафтӣ қалам? - Ҳаргиз маҷӯ, аз хона рафт, Дар нӯлаки бедона рафт. - Рустӣ куҷо, эй дафтарам, Рафтӣзи болои сарам? - Он ҳам наояд, дур рафт, Дар рӯйи боли ҷӯр рафт. - Ин ҷо будӣ то вақти хоб, Пинҳон куҷо гаштӣ, китоб? - Он ҳам наояд, сор бурд, Бар домани кӯҳсор бурд… Он як китобу як қалам В-он дафтаре медод ғам, Монданд бар аҳволи худ, Рафтанд, илоҷе чун набуд. Чунки Асо вақти зиёд Аз танбалӣ диқ қат надод. Акнун, ки мекобад Асо, Гумкардаро ёбад Асо?

Китобҳои муаллиф