Модарам
- Маро саҳар кӣ хезонд?
- Модарам!
- Кӣ сӯйи оби ҷӯ хонд?
- Модарам!
- Кӣ майда бофт мӯям?
- Модарам!
- Кӣ муччӣ кард рӯям?
- Модарам!
- Кӣ куртаам бипӯшонд?
- Модарам!
- Кӣ чойи гарм нӯшонд?
- Модарам!
- Кӣ гул ба дасти ман дод?
- Модарам!
- Кӣ мактабам фиристод?
- Модарам!
- Маро кӣ гуфт қ обил?
- Модарам!
- Кист ба ман ҷону дил?
- Модарам!
