Эй кош, ман бар он сари кӯ хок будаме,
Эй кош, ман бар он сари кӯ хок будаме,
То поймоли он бути чолок будаме.
То бод бурдиям ба сари кӯйи дӯст, кош
Мардум набудаме, хасу хошок будаме.
Пок аст ёру домани покаш гирифтаме,
З-олоиши вуҷуди худ ар пок будаме.
Рӯзи шикор гар шудиям бахт созгор,
Ман низ сар дар он хами фитрок будаме.
Гар ашк доманам нагирифтӣ, зи заъфи тан
Ҳамроҳи оҳ рафта бар афлок будаме.
Мебастиям ба даст аз он зулф риштае,
То ман фурӯгари ҷигари чок будаме.
Гар ҷуръае зи соғари Ҷомӣ нахӯрдаме,
Кай ринду дурдхораву бебок будаме?