Дарахтон
Таконе дасти сарди бод
Ба сахтӣ шохаҳоро дод,
Хазон аз шохи хоболуд
Ба рӯйи хушки хок афтод.
Ҷудо хушкидабарге шуд,
Ки рӯзи гарми тобистон
Танашро чун сипар медошт
Дами теғи тафи сӯзон.
Сабук шуд шохи боровар,
Тунук шуд ҳусни рӯйи боғ,
Аз ин пас боғ мегардад
Нишеман аз барои зоғ.
Дарахтон гарчӣ меҷунбанд,
Ҳама дар хоби нӯшинанд,
Баҳори сабзсиморо
Дарахтон хоб мебинанд.
