Соқӣ Ва Боқӣ
Соқӣ надорад тоқӣ,
Тоқӣ - дар сари Боқӣ,
Пешу пас медароянд
Аз дар Боқию Соқӣ.
Лаб фурӯ баста Соқӣ,
Гӯяд саломе Боқӣ.
- Куҷо шуд саломи қарз,
Гум кардӣ магар, Соқӣ?
Соқӣ ду кисаашро
Чун ду халта мекобад,
Саломашро гум кардаст,
Мекобад, намеёбад.
Боқӣ андар хиҷолат,
Бинӣ мехорад Соқӣ,
Саломи Соқӣ мондаст
Дар хона зери тоқӣ.
