Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Сӯи бемори худ, эй ҷони ҷаҳон, дер оӣ,

Сӯи бемори худ, эй ҷони ҷаҳон, дер оӣ, Хоҳам аз ғам бикушӣ зуд-ш, аз он дер оӣ. Умр бас зуд равад, ҷон чу равад дер ояд, Чанд чун умр равӣ зуду чу ҷон дер оӣ? Ҳаст дар зовияи сина хаёли ту муқим, Гарчи дар дидаи хунобафишон дер оӣ. Маркази доираи ҳусниву хубони ҷаҳон, Чашм бар роҳи ту, лекин ба миён дер оӣ. Омадӣ зуд, вале доди дилам дер диҳӣ, Зудрас меваӣ, аммо ба даҳон дер оӣ. Зуд рафтӣ, ки ниҳон оям, аз он метарсам, К-ошкоро биравӣ зуду ниҳон дер оӣ. Ҷомӣ, аз чанг расад замзамаи ишқ, чиро Гар найӣ санг, ба фарёду фиғон дер оӣ?