Шоирон
🔍
Ворид шудан
АсосӣШеърҳоШоирон
Абдураҳмони Ҷомӣ
Абдураҳмони Ҷомӣ

Марост аз таби ишқи ту ҷони оташнок,

Марост аз таби ишқи ту ҷони оташнок, Ҳабиби анта табиби вало табиби савок. Чӣ суд сӯфии моро риояти суннат? Чу ҳирси луқма набурд аз даҳони ӯ мисвок. Куҷо ба водии ваҳдат расад ба наълайне, Ки бастааст бар он аз дуволи ширк шарок Ба по, кадоминӣ ту беҳи покчашмии ман, Ки кардаам дилу ҷонро рамили ғайри ту пок. Маро бас ин ки шавам кушта дар шикоргаҳат, Мабод аз сарам олоише бар он фитрок. Танам фитода ба раҳ лоғар устухоне буд, К-аш аз карам саги кӯйи ту баргирифт зи хок. Ба аҷзи муътариф о, Ҷомӣ аз ҳақиқати ишқ, Ки ҳаст аҷз зи идрок ғояти идрок.